ПАРЧАМ-ЯКЕ АЗ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Парчам муқаддасоти миллӣ буда, иникосгари давлату миллати куҳанбунёди халқи тоҷик ба шумор меравад. Сокинони сарбаланди кишварамон ин муқаддасоти  миллиро пос дошта, ҳамасола 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Парчам ин як рамзи ҳастии ҳар як давлату миллат аст. Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии 165-метр барафрохта шудааст ва ҳамзамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди ҷумҳуриамон ба таври зайл парафшонии онро мушоҳида кардан мумкин аст ва ин баёнгари тинҷиву оромӣ ва осудагии давлату миллат мебошад.Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бахшида ба 24-ноябр “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  чорабинӣ  гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур  сараввал директори муассисаи зикргардида Қодиров Диловар ба сухан баромада, ҳозиринро бахшида ба ин Иди муқаддас табрик намуда, ҳамзамон аз ҷониби хонандагони муассиса  доир ба Парчами давлатӣ шеърҳо қироат карда шуд.