Пос доштани оромгоҳҳо яке аз анъанаҳои неки миллиамон мебошад.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30-октябри соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, дар аксарият Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахш Аксияи "Рӯзи ёдоварӣ" бо иштироки волонтиёрон, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва сокинон гузаронида шуд. 

Пос доштани оромгоҳҳо яке аз анъанаҳои неки миллиамон мебошад ва моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ин ки аз гузаштагони худ мероси илмию ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро омӯзанд ва аз гузаштагони худ ифтихор намоянд.