Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарси сиёсӣ, ки мавзӯи он “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” буд, рӯзи 29 октябри соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Вахш гузаронида шуд.  

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ҷ.д 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳия  ин иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.