БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

Темурмалик:  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Давад”  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти “Давад” Ҳайдаров Маҳмадайюб кушода оғоз намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, интихоби  аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии 18 -уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, масъалаҳои ҷорӣ ва инчунин ба роҳбарӣ гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2025 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Дар аввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад намуда ҳозиринро бо ҷашни дар пешистода 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Инчунин аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, баён доштанд, ки моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Сарвари давлат ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолона гузорем.