КӮДАКОН - ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД.

Темурмалик:  

 Бахшида ба Рӯзи 1- уми июн, дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик чорабинии тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия ва кудакони фаъоли ноҳия  иштирок намуданд. Сараввал муовинони раиси ноҳия муҳтарам Аслиддини Айниддин ба сухан баромада, кудакон ва иштирокдоронро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Қайд намуд, ки роҳбарияти Олии мамлакат ва ҳукумату давлат бо кӯдакони далеру шуҷоъ, фаъолон ва номбардори Ватан ифтихор мекунад ва тамоми пешравиҳову фароҳам овардани шароитҳои муосир маҳз барои пешрафт, рушд намудан ва муваффақ гардидани кудакони кишвар мебошад. Дар чорабинии мазкур дигар иштирокдорон ва кӯдаконро низ баромад карда, вобаста ба сиёсати ғамхоронаи ҳукумату давлат нисбат ба кӯдакон фикру андешаҳои худро иброз доштанд.  Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор муаллимони фаъоли синфҳои ибтидоӣ ва мураббиёни кӯдакистонҳо Ифтихорнома ва туҳфаҳои  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик,  КИ ҲХДТ дар ноҳия ва шуъбаи маорифи Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуданд.  Сипас барномаи консертии ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.