КИТОБ БЕҲТАРИНИ ТУҲФА АСТ

Темурмалик:  

Ҳамасола якуми июн дар аксар давлатҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Мувофиқ ба нақша мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ,  имрӯз аз боғчаи №3-и маркази ноҳия дидан намуда, бо мураббиён ва тарбиягирандагони он суҳбат оростанд. Мавсуф  иштирокчиёнро ба ин рӯзи фирӯз табрику таҳният намуда, дар бораи санадҳои  байналмилалии ва ҷумҳуриявӣ, ки ба онҳо бахшида шудааст маълумот дод. Ба боғча барои истифодабарии кӯдакон дар раванди машғулиятҳо як миқдор ашиё хониши аз қабили китобҳои бачагона, қаламу алибом ҳамчун туҳфа супориди шуд.