БАРОИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРОРИЗМ МО ҲАМА МАСЪУЛЕМ:

Темурмалик: Вокуниш  

 ВОКУНИШМусалам аст, ки оқибати ҳуқуқи кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавобгарии ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад. Баҳри ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки ба ин зуҳуроти номатлуб даст задаанд кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, тибқи қисми 1 моддаи 179 (тероризм), яне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк, ё ба миён омадани оқибатҳои  дигар барои ҷамъият хавфнок мегардад. Ҳамин тавр, қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз хатарҳои терористиву экстремистӣ   дар солҳои охир, ин содир намудани чунин амалҳо бо истифода аз фазои шабакаи ҷаҳонии интернет маҳсуб меёбад. Пешгирӣ ва бартараф намудани ин зуҳурот бояд ҳамеша чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Чунонки Шоир фармудаанд:

Аз ин Ватанӣ, бидон, ки соҳиб Ватанӣ,

Соҳибватанӣ кафили қадру суханӣ

Дар беватанӣ агарчи сад ҷон биканӣ,

Гар беватанӣ бе лаҳаду бе кафанӣ.

Дур аз Ватанӣ гар ба у санг занӣ

Ҳам нокасиву ҳам хоини ҳам аҳри манӣ

Дарвеши Ватан бош ,ки шоҳи Ватанӣ

Қоруниву беватанӣ чубе пираҳанӣ

Дар хоби шаби ё ба ягонан чун мани

Чун дар Ватани чашм аз у ҳаргиз наканӣ

Гар бо Ватани соҳиби боғу чаманӣ

Нанги Ватанат бош чун ҷон дар баданӣ

Мудири шуъбаи таблиғот ва итиллоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ.