23 – ЮМИ МАЙ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Темурмалик:  

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик  ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, ки имсол ҳамчун солҳои қабл дар доираи баргузории моҳвораи ҷавонон дар ноҳия  дар сатҳи хеле ҳам бошукӯҳ таҷлил гардида истодааст, дар боғи ноҳия бо иштироки  санъаткорони Қасри Фарҳанги ноҳия ва сокинону ҷавононӣ ноҳия чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонӣ “Шоми ҷавонӣ”, доир гардид.

       Нахуст, мудири шуъбаи таблиғот ва итиллоотии КИ ҲХДТ дар ноҳия Хушдили Раҷабалӣ ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу сарбаландӣ, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланду саодати рӯзгор ва дар амалӣ намудани орзуву ниятҳои неки доштаашон муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.