МУҲИМТАРИН ВАСИЛАИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТ ИН ЗАБОНИ ДАВЛАТИСТ.

Ш.Шоҳин: Андеша  

Баъди фурӯпошии собиқ давлати Шӯравӣ дар баробари дигар рукнҳои истиқлолхоҳии миллат мақом додан ба забони давлатӣ яке аз унсурҳои миллатдӯстии элитаи ватанхоҳ маҳсуб меёфт, ки мо мардуми Тоҷикистон дар заминаи арзишҳои миллӣ бо мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мусоидат кардем.

Аниқтар, ғояи истиқлолият додан ба  забони миллат аз соли 1989 дар замири рӯшанфикрону донишмандони тоҷик пайдо шуд  ва дар солҳои  соҳибистиқлолӣ бо таъбирандешии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати забони давлатӣ миёни аҳли ҷомеа нуфуз пайдо кард.

То соли 2009 Рӯзи забони давлатӣ ҳар сол 22 июл таҷлил мегардид ва аз соли 2009 инҷониб дар асоси тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат гирифт, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар сол 5 октябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад.

Барои мо хеле боиси хушбахтист, ки имрӯз дар сайёра зиёда аз 120 млн аҳолӣ ба забони форсӣ- тоҷикӣ сухан мегӯяд.

Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигоҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои миллӣ дар ҳифзи асолат ва ҳуввияти миллат нақши бориз дорад ва он ҳамчун омили пойдории давлатдории миллӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат ҳимоя ва ҳифз мешавад. Дар ин росто, сиёсати давлатӣ дар бораи забон ҳамчун ҷузъи таркибию ҷудонашаванда дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигар равона шудааст.

Хусусан таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон ба омӯзиши забони давлатӣ ҳамчун пояи аслии давлатдории миллӣ бесобиқа буда, қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” масъалаи омӯзиш ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро  такони ҷиддӣ бахшид.

         Омӯзиш ва донистани забони давлатӣ бобати аз худ намудани дигар забонҳо, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ зарурати забондонӣ ба вуҷуд омадааст, хеле муҳим аст.

         Донистани забони давлатӣ ин эҳтиром гузоштан ба гузаштаи миллат аст ва бояд ҳар як сокини мамлакат дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки ба танг гардидани доираи муколамаи забонҳо таъсир мерасонад,  бетаваҷҷуҳ набошем. Зеро тибқи таҳлилҳо дар сайёра айни ҳол хатари аз байн рафтани  400 забон вуҷуд дорад.

Ба ин боварем, ки забони шеъру шоирӣ, забони Рӯдакию Хайём, Лоиқу Бозор ва ҳазорҳо нобиғаю донишмандони миллат, ки барои зиндагардонӣ ва рушди забони миллӣ кору хизматҳои шоён кардаанд абадан пойдору ҷовид мемонад ва дар таҳкими давлатдорию ватандории мо насли имрӯз хизматҳои созгор менамояд.

         Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!.

 

 

Назарзода Т.-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин