АҲАМИЯТИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ш.Шоҳин: Андеша  

         Ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ, яъне таҷлили Иҷлосияи сарнавиштсоз дар сатҳи баланд бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

      Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кулли мардуми тоҷик сарнавиштсоз буда, дар ин санаи тақдирсоз  ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуда дар кишвари азизамон сулњу субот побарҷо гашт   ва ҳукумати қонунӣ барқарор гардида, зиндагии бонизом насиби мардуми Тоҷикистон гардид.         

    Дар он давраҳои душвор,ки пойдории миллати тоҷик дар гумон буд, ақлу заковат, ҳисси ватандӯстона ғайрати модарзодии  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро аз парешонӣ ва саргардонӣ нигаҳ дошт.  

    Сарвари давлат бо маслиҳати пирони кордону собиқадорони кишвар, ва ҷавонмардони бонангу номуси миллат барои пойдор мондани миллати таммадунофари худ ҷонфидоиҳо кардаанд. Имрӯзҳо мо бо чашми худ самари ҷонфидоиҳои ин марди худоди азалиро дар дурдастарин минтақаҳои Тоҷикистон  дида истодаем.

    Месазад, ки мо ватандорон ба қадри заҳматҳои чандинсолаи ин родмарди халқпарвар, муаррифгари миллати тоҷик ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бирасем ва бояд дар пайи ободии ин сарзамин худро масъул донем ва  мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосо дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ дар пояҳои истиқлолияти давлатӣ  доиман дар ҳолати омодабош қарор дошта барои  пойдории ин  ваҳдату истиқлолият кӯшиш намоем.

Саъдуллоев Рамазон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин