Забони дузду авбош ҳамеша дароз аст!

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Аслан ақли солим ҷомеаи солим месозад, агар ақлу фаросат тира шуд, обрӯю эътибор ва шаъну шараф соқит мегардад.

М.Кабирӣ- роҳбари худкомаи ҳизби наҳзати ислом,  ки дар кишвари мо асоснок ташкилоти террористию экстремистӣ  эътироф шудааст, ҳамзамон роҳбари ба ном паймони миллӣ дар  ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз фишор болои аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шиква намуда, гӯё ҳамчун ранҷидахотири сиёсӣ сарфи назар аз гуноҳу ҷиноятҳои содиркардааш дар Тоҷикистон вобаста ба вазъи сиёсӣ ва танг шудани доираи  фаъолияти “сиёсӣ”-и ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бешармона андешаронӣ намуд.

Ба андешаи ӯ гӯё дар Тоҷикистон то замони фаъолияти сиёсӣ доштанаш ба ҳайси роҳбари ҳизби наҳзати ислом ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фаъол буд ва баъди ошкори хиёнаткорӣ ва аз кишвар гурехта рафтани ӯ ва ҳамтоёнаш ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн рафт.

Дар баёни гуфтаҳои бепояи ӯ ҳар як шахси ватандӯст ва дорои тафаккури солиму созанда  маҷбур ба изҳори андеша ва мавқеъгирӣ мешавад.

Ҳама медонанд, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом аз солҳои  аввали соҳибистиқлолӣ барои сиёсати давлати мо ва татбиқи меъёрҳои давлатдории демократӣ як дарди сар буд. Ва новобаста аз гузаштҳои сиёсии давлату мардум  ахиран ба миллату давлат содиқ набуданашро бо пиёда сохтани хиёнат исбот кард.

Баъдан, ба маълумоти ин чеҳраи хиёнаткор мерасонем, ки эътироф шудани ҳизби наҳзати ислом  ба ҳайси ташкилоти террористию эксремистӣ зиндагиро дар кишвар барҳам назадааст, баръакс  7 ҳизби сиёсии дигар дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд гардидани нуфузи давлату миллат масъуланд ва аз ҳама муҳим чун  ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом  хоҷагони хориҷӣ надоранд. Ҳамаи  аҳзоби сиёсӣ айни ҳол тибқи талаботи қонунгузорӣ фаъолияткунанда андешаҳои сиёсии мухталиф доранд,  вале дар раванди  ҳуввияту якпорчагии давлат ва ояндаи кишвар ҳеҷ гоҳ чун ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом  мили танку тупро тарафи миллат  нагардондаанд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ояндаи кишварро бидуни Кабирию пайравонаш амнтару пешрафта тасаввур менамоянд, зеро ҳама аъмоли тарафдорону ҳаводорони  ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом назди мардум маълум аст ва  деги сиёҳ ба шустан сафед нахоҳад шуд.

Дар мавриди ба ном блогеру рӯзноманигорон  ва  “маҳбусони сиёсӣ”.

Аввал ин ки тибқи талаботи қонун ҳеҷ инсон-шаҳрванд бидуни ҷинояту қонунвайронкунӣ дар пайгарди қонунӣ  қарор намегирад. Инъикоси яктарафаи тадқиқоти  журналистӣ,  пахши маълумоти носаҳеҳу ғаразнок аз ҷониби баъзе аз афроди манфиатҷӯ дар қонунгузории дилхоҳ давлат ҷавобгарӣ дорад. Андешаи мо атрофи  “маҳбусони сиёсӣ” низ, ки шиори ҳаррӯзаи  ба ном паноҳандаҳои сиёсии аврупоӣ гаштааст  ба ҳамин минвол аст. Яъне ҷиноят, ки содир шуд ҷинояткор бо назардошти хавфнокиаш ба ҷамъияту ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд. Дар озодӣ будани ҷинояткор маънои  беҳокимиятию бедавлатӣ ва ин омил ба рушди пояҳои давлатдорӣ ва дигар арзишҳои фарҳангию  инсонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар андешаи инсони комил ҳеҷ гоҳ бахшиши гуноҳи ҷинояткор рост намеояд ва бояд қонунгузории  давлат аъмоли ҷинояткорро воқеъбинона баҳогузорӣ намояд.

Кабирӣ бо ин  пештозию ҳангомаҷӯӣ ибораи “душмани душманам  дӯсти ман аст”-ро пеши назар меорад, ки ин андеша аз назари мардуми аҳли фаҳм қабул нест.

Бо баромади яктарафаю ҳангомаҷӯёна Кабирӣ бори дигар собит кард, ки аз манфиатҳои миллат дида манфиатҳои шахсӣ барои ӯву ҳаводоронаш болост ва  фаъолият ё камфаъолиятии ҷомеаи шаҳрвандии кишвари моро танҳо дар манъи фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом дидан  комилан хатост.

Дар пасманзари баромади қудратхоҳонаи Кабирию ҳамсафонаш месазад, ки мо мардуми кишвар дар атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар сарҷамъ бошем ва нагузорем, ки ақидаҳои ботили ин гурӯҳи ҷаҳлӣ дар миёни ҷомеаи мо мақом пайдо кунад. Зеро  ин тоифа инсонҳо ҳеҷ гоҳ оромию  осоиштагии Ватани моро намехоҳанд ва дар дилхоҳ лаҳза ҳамчун мори заҳрдор дар бадани давлату миллат заҳри қотил мегузаронанд.  

Т.Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин