РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ - ОМИЛИ ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ КОРМАНДОНИ ҲИЗБ

Ш.Шоҳин: Андеша  

Асосан барои баҳогузорӣ ва самаранокии фаъолияти кормандони ҳизбӣ ва  коркарди баҳогузории мунсифона тавассути Рейтинги ҳизбӣ дар коргузории ҳаррӯзаи ҳизбиён нақши калидӣ дорад.  Ин омил дар як вақт баҳогузориро дар фаъолияти кормандони ҳизбӣ тақвият ва масъулияти онҳоро дар иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ баланд мебардорад.

Имрӯз ҳизбиёни вилояти Хатлон аз рӯи 28 ташаббуси  созанда, ки баҳогузории онҳо тибқи Рейтинги ҳизбӣ роҳандозӣ шудааст, фаъолият намуда, дар як вақт ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар сатҳи маҳал ва ҳадафмандона татбиқ намудани барнома ва оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Татбиқи Рейтинги ҳизбӣ, ҳамзамон кормандонро дар рисолати такмили донишҳои сиёсӣ ва рақобати солим  миёни дигар  ҳамкорон ҳавасманд сохта, барои самаранокии кори ҳар корманди ҳизбӣ ва худтакмилдиҳии онҳо таъсиргузор аст.

Баҳогузорӣ тавассути Рейтинги ҳизбӣ имкон дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии  фаъолияти ҳизбӣ дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ва рушд ёфтанд.  Агар дар гузашта дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ баъзан нишонаи фориғболии кормандон воқеъбинона баҳогузорӣ намешуд, айни ҳол онҳо эҳсос мекунанд, ки бояд барои баҳои дуруст  ва зинаи гузаришро ишғол намудан бояд содиқона кору фаъолият намоянд. Дар акси ҳол баҳогузорӣ тибқи Рейтинг   камфаъолиятии кормандро дар сатҳи ҳама сохторҳои ҳизбӣ  муайян мекунад ва албатта нишондоди паст боис ба нороҳатии худи корманди ҳизбӣ мегардад.

Татбиқи Рейтинги ҳизбӣ аз таҷрибаи ҳизбиёни вилояти Хатлон дар тамоми  кишвар  фоли нек аст ва дастгирӣ  ёфтани  баҳогузории рейтингӣ дар тамоми мамлакат аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боиси пешрафти фаъолияти ҳизбӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мегардад.

Шояд барои баҳогузорӣ бо тартиби  рейтингӣ дигар кумитаҳои иҷроияи вилояту шаҳру ноҳияҳо омода набошанд, вале дар вилояти Хатлон  татбиқи он самараи нек дода, мо ҳизбиёни вилояти Хатлон барои фаҳмондадиҳӣ ва пешрафти кори ҳизбиён дар тамоми қаламрави кишвар ҳамеша омодаи ҳамкорием.  

Т. Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин