ҶАВОНОНИ САОДАТМАНД - СОЗАНДАГОНИ ИМРӮЗУ ФАРДО!

Ш.Шоҳин:  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  санаи 23-юми сентябри соли равон дар бинои қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   вохурии хонандагони синфҳои болоии якчанд муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил намуда,   ҷамъомад доир намуданд.

Мақсади ҷамъомад   доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне  вазъи имрӯзаи кишварҳои ҳамсоя, яъне  гуруҳҳои бадхоҳи  ҳамсоякишвар Қирғизистон, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила фазои тинҷу ороми моро халалдор созанд ибрози андеша намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки махсусан ҷавонон бояд ин шароиту имкониятҳое, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба дасти мо тоҷикон омадааст  аз даст надода,  донишҳои худро мукаммал созанд. Ва бо  дониши амиқу интизоми намунавӣ ибрати дигарон бошанд, ҷавонон ки  созандагони имрӯзу фардои кишваранд бо хушёриву зиракии хеш метавонанд дар рушду пешрафти давлат саҳмгузор бошанд.