Баргузории амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ”

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” дар санаи 28-уми августи соли равон сокинони деҳоти Зулмободи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод ба ҳашар баромада қабристони деҳаи хешро тозаю поккорӣ намуда бо ин амалашон саҳми худро дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр гузоштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари сокинон инчунин дар амалиёти ҳизбӣ аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ихтиёриёни ҳизбӣ ва имомхатиби деҳа иштирок намуд.