Воқеан, шукрона бояд кард, ки алъон дар кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдат, фазои тинҷу ором ва истиқлолияти давлатӣ тантана дорад.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фазои сиёсии кишварҳои аъзо куллан тағйир ёфт. Вазъ ноором гашта ҳодисаҳои ҳузнангезеро ба миён овард. Аз он ҷумла кишвари азизамон, дар пасманзари бозиҳои сиёсии гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз ин гирдоб барканор намонд. Ба ҷои фазои тинҷу ором фазои сарбаставу нофаҳмо побарҷо гашт. Хисороти дар ин муддат ба миён омада ба раванди такомулу пешрафти ҷомеа монеъ гашт. Хатари аз байн рафтани миллат ва қисм-қисм шудани он низ эҳсос мегардид.
Хушбахтона, охирин умед дар дили азияткашидаи халқи тоҷик зинда монда зери лаб худро чунин тасаллӣ медод:
Аз ноумедӣ басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Соли 1992 Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат шинохта гардонд. Дар иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба чеҳраи нави сиёсат Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ бо такя ва дастгирии халқи бономуси азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар андак вақт набзи ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, роҳи истиқрори сулҳро омили наҷоти миллат донист.
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хизмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.
Корнамоиҳои ин фарзонафарзанди бо нангу номуси миллат барои наслҳои имрӯза, дарси ибрат мебошад. Мо то имрӯз аз ҷоннисориҳои ин шахсияти бузурги таърихи миллат ҳарф мезанему ифтихор менамоем.
Воқеан, шукрона бояд кард, ки алъон дар кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдат, фазои тинҷу ором ва истиқлолияти давлатӣ тантана дорад ва мо ҳамагон дар муҳити фарогир аз дастовардҳои нодири даврони соҳибистиқлолӣ кору фаъолият менамоем.
Барои эҳтиром ва пос доштани истиқлолияти давлатӣ бояд ҳама сокинони мамлакат аз як гиребон сар бароварда, ба ин неъмати бузург ва нодири таърихӣ дар ободу зебо гардонидани гӯшаҳои гуногуни Ватан саҳмгузор бошем. Зеро Тоҷикистон ватани маҳбуби ҳамаи мост ва ҳар як шаҳрванди ин кишвари биҳиштосо дар пешрафту шукӯфоҳии мамлакатамон масъулият дорад.
Сунатуллоева Мавзуна – мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин.