Таҳкими низоми молиявӣ ба фаъолияти ҳизбӣ таъсири мусби мерасонад!

Ш.Шоҳин:  

Дар доираи талаботи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳакимов Абдумалиқ  бо сармуҳосиботи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар толори муассисаи таълимии №1 суҳбат-вохўрӣ оид ба масъалаҳои пардохти ҳаққи узвияти ҳизбӣ доир намуд.

Дар вохўрӣ доир ба риояи бечунучарои  Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сари вақт пардохти њаққи узвият,  ҳамчунин  пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои молиявӣ ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби муовини комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимов Абдухолиқ ироа гардида, камбудиҳои ҷойдошта дар ин самти фаъолият ба саҳми ҳозирин расонида шуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ин самти фаъолият минбаъд фаъолияти комиссияи тафтьишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чоннок карда шавад.