Ба истиқболи 112-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик

Ш.Шоҳин: Андеша  

  Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷикро ба чопи аввалин рӯзномаи форсӣ-тоҷикӣ «Бухорои Шариф», ки санаи 11 марти соли 1912 дар шаҳраки Когони Бухоро нашр гардидааст, марбут медонанд.

     Дарвоқеъ, чопи рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар дараҷаи худшиносӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти миллии халқи тоҷик то ҷое дар замони худ хизмати арзандае кард. Ин нашрия дар атрофи худ шоирону адибон ва донишмандони зиёдеро ба ҳам овард ва муддаиёни он тавонистанд Консулгарии Империяи Россияро бовар кунонанд, ки нашри он ба рушду равнақи муносибатҳои тиҷоратии Аморати Бухорою Россия кӯмак мекунад.

    Дар саҳифаҳои он, махсусан зарурати омӯхтани илму дониш ва мақолаҳои ташвиқотӣ оид ба ин масъала бештар чоп мешуданд. Ҳамчунин, дар баробари чоп ва интихоби мавзуъ доир ба ҳаёти ҳамонвақта хонандаи тоҷик тавассути ин нашрия аз илму фарҳанги дигар халқу миллатҳо огоҳ мегардиданд.

    Рӯзномаи «Бухорои Шариф» баъди 6 моҳи фаъолият бо назардошти мушкилоти молӣ баста шуд. Бархе афрод баста шудани онро ба мушкилоти молӣ рабт медоданд, баъзе аз рӯшанфикрон сукути рӯзномаро  ҷанбаи сиёсӣ дониста, иброз медоштанд, ки рӯз аз рӯз эътибор ва доираи хонандаи рӯзнома зиёд мегашт ва аз ин гурӯҳи мансабдорон хушбин набуданд. Онҳо эҳсос мекарданд, ки ин рӯзнома як рӯз ҳамчун минбари инқилоб дар ташвиқу тарғиби синфи коргар ба муқобили зулму ситами замона истифода мегардад. Зеро рӯз аз рӯз норозигии аҳолӣ аз ҳокимону амалдорони давр меафзуд.

    Рӯзномаи «Бухорои Шариф» ҳамагӣ 153 шумора нашр шуд ва ниҳоят 2 январи соли 1913 аз ҷониби Элчихони Россия ба унвони идораи нашрия мактубе расид, ки бо хоҳиши амир аз нашр боздошта шудани рӯзномаҳои «Бухорои Шариф» ва замимаи он «Тӯрон» хабар медод.

     Хонандаи азиз, чунин таърих дорад матбуоти тоҷик ва дар кишвари мо ҳар сол санаи 11 март ҳамчун «Рӯзи матбуоти тоҷик»-Иди касбии рӯзноманигорони кишвар ҷашн гирифта мешавад.

 

                                                                                      Мавзуна Суннатулоева.