Истиқбол аз 31-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Мусаллам аст,ки ҳамасола шурӯъ аз даврони аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар саросари кишвар 23- феврал, ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Ёдовар мегардем,ки аз таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 31 сол пурра гардида, нақши он дар таъмини амну осоиштагии мамлакат бағоят бузург аст. Бахшида ба сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар ташкилоту муассиса ва дар деҳаву маҳаллаҳои  ҳудуди ноҳия чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар саҳни ҳавлии муассисаи таълимии №29-и ноҳия чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур дар баробари хонандагону омӯзгорон, инчунин собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин зимни баромадҳои хеш аз саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ташкили Артиши миллӣ дар даврони аввали соҳибистиқлолӣ ва ба як сипари боэътимоди Ватан табдили додани ҷузъу томҳои онро ёдовар гардида, ба чунин родмардон аҳсан мехонанд.

Баъдан хонандагон бо хонадани шеъру суруд дар васфи Модар- Ватан, Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусну таровати хосса зам намуданд.    

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории чорабинии идона