Қувваҳои Мусаллаҳ-сипари боэътимоди Ватан!

Ш.Шоҳин: Андеша  

Дар баробари дигар арзишҳои давлатдорӣ мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ  барои ҳифзи манфиатҳои ҳудудию маъмурӣ ва субботу амният хеле муҳим буда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ҷавонони зиёдеро дар сафҳои худ  мактаби мардонагию ҷавонмардӣ меомӯзонад.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат заминаҳои муҳими ояндасозӣ муҳайё гардида, ҳар сол шумораи зиёди ҷавонони кишвар дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири осоиштагию ваҳдат ва якпорчагию  тамомияти арзӣ  хизмати Ватан-модарро содиқона адо менамояд.

Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба замоне рост омад, ки дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва оддитарин шароит барои фаъолияти он мавҷуд набуд. Танҳо иродаи сиёсӣ ва андешаи воқеъбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси  рӯз аз рӯз такмил ёфтану пурра шудани ҳайати кадрии ин ниҳоди бонуфуз дар кишварамон шуд. Ҳамзамон дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҷрибаи ҷангӣ гирифта, заминаҳои моддию техникии он дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сол то сол мустаҳкам мегардад.

Имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонони ватандӯсти кишвар дар донишгоҳҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар дарси ҷасорату мардонагӣ аз худ намуда, барои оромию осудагии сокинони мамлакат вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузошташударо софдилона иҷро менамояд.

Дар шароити печидаи ҷаҳони муосир бояд ҳар як ҳамватан дар баробари хизматчиёни ҳарбӣ омодаи дифо аз марзу буми аҷдодӣ бошад ва бо сохторҳои низомӣ дар таҳкими суббот ва оромию осудагии кишварамон саҳми арзишманд гузорад.

Новобаста аз вазъи сиёсии баъзе аз давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва  рӯз аз рӯз авҷ гирифтани низоъҳо дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон,  қудратталабии  баъзе аз гурӯҳҳои иртиҷоию даҳшатафкан бо истифода аз эътиқоди динии мардум ба мо лозим аст, ки дар баробари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин падидаҳои номатлуби замони муосир муборизаи беамон бурда, барои таъмини амнияти кишвар, арзишҳои соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ якдилона кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро Тоҷикистон ватани маҳбуби ҳамаи мост. Ба ҷузъ мо онро касе ободу зебо намегардонад.

 

                                                        Рамазон Саъдуллоев-аъзои фаъоли ҳизб

                                                                    дар ноҳияи Ш.Шоҳин