Тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон!

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Ҷиҳати дар  рӯҳияи  ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон пайваста аз ҷониби масъулини ҳизбӣ дар байни хонандагони синфҳои болоӣ хонишҳои сиёсӣ ва  корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад. Бахшида  ба сазовор пешвоз гирифтани 31-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии  муассисаи таълимии №1-и ноҳия дар ҳамоҳангию ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён” ва “Варзишгарон”  дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни “Ватанпарвар” ташкил ва баргузор карда  шуд.

Озмун дар сатҳи зарурӣ баргузор карда шуда дар баробари масъулин намояндаи ташкилоти мададгори мудофиа ва комиссарияти ҳарбии ноҳия низ иштирок доштанд. Ғолибони озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва ташкилоти мададгори мудофиа дар фазои мутантан қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суратгузориш аз рафти баргузории озмуни “Ватанпарвар”: