Саҳми занон дар ободии диёр.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар кадом фаслҳои сол хосияту зебоии худро дорад. Дар қаламрави ватани азизи мо моҳи ахири фасли тирамоҳ ҳукмфармоӣ дорад. Тирамоҳ яке аз фаслҳои бобаракат, яъне дар ин фасл маҳсули бо заҳмат парваридаи дасти коргару деҳқон ҷамъоварӣ гашта дастархони мардум пурнозу неъмат мегардад. Анвои хӯрокворӣ дар анборҳо барои зимистонгузаронӣ захира гашта  хотири мардум ҷамъ мегардад, вале ин моҳ ҳамчун моҳи  хазонрез буда баргу гулу гиёҳ  зарду хазон гашта ба рехтан сар мекунанд. Таги боғот, талу теппаҳо аз хазонрез зарди тиллогин гашта ба чашм зебо намояд ҳам, вале барги зардгаштаву хушку рехтаи дарахтон, гулу гиёҳҳо ва хасу хор ҳусни  кӯчаву ҳавлӣ ва роҳҳоро коста мегардонад ва  ифлос ба назар мерасад.

Рӯзи 5 ноябри соли равон бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Сунатуллоева Мавзуна дар як  гӯшаи аҳолинишини ноҳия шанбегӣ ташкил карда шуд. Дар шанбегӣ сокинони як маҳалла ба ҳашар баромада  гирду атрофро аз хасу хор ва  партовҳо тоза намуда дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр саҳмгузорӣ намуданд.