ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре маълум аст, Пешвои муаззами миллат дар ҳама баромаду суханрониҳояшон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун моликияти ақлию зеҳнии миллат пайваста мавриди ҳимояи давлат қарор медиҳад.  

Азбаски аксарияти аҳолии ҷумҳурии моро ҷавонон ташкил медиҳанд, бешак сохтани ояндаи давлату миллати солим ва пешрафта низ аз фаъолияти  созандаи ин қишри фаъоли  ҷомеа вобастагии калон дорад.

Имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади баланд бардоштани мақому мартабаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мамлакат, беҳтаргардонии шароити зиндагиву фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда, баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон бинои Маркази ҷавонони ноҳия бунёд гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ идома дорад.