СОАТИ СИЁСӢ ДОИР КАРДА ШУД.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани маърифати худшиносии миллии ҷавонон, ташвиқу тарғиб намудани сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти бедор намудани ҳисси миллӣ,  риояи ойини ҷавонмардӣ ва ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ, хизмат ба Ватан дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия  соати сиёсӣ баргузор карда шуд.  

Дар робита ба ин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар таърихи 28 октябри соли равон дар муассисаҳои таълимии №№22,37 ва 8 -и ноҳия вохӯрӣ доир намуда, доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар байни ҷавонону наврасон суханронӣ намуда, ҷавононро доир ба масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва  арзишҳои миллӣ, пешгирии гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва илмомӯзию касбомӯзӣ  ташвиқу тарғиб намуданд.