Ташаббусҳои ҳизбӣ дастгирӣ меёбанд.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тозагию поккорӣ амалест, инсон ҳамеша дар фикраш бошад, зеро тозагӣ табъи инсонро болида гардонида барои сиҳатмандӣ боис мегардад. Гарави солимии ҳар як шахс тозагии ӯст, тозагии хона, ҳавливу кӯча умуман гирду атроф маҳз ба масъулиятпазирии ҳар як шахс вобаста буда, месазад, ки дар ин масъала ҳамагон масъулиятшинос бошем.

Гарчанде имрӯзҳо рӯзҳои охири тирамоҳ бошад ҳам аз рӯзҳои офтоби истифода намуда ташкилоту муассисаҳо корхонаю коргоҳҳои маъмурӣ ва хусусӣ дар ноҳия иқдом гирифтаанд, ки дар тозаю зебо гардонидани саҳни биноҳо ва гирду атроф, тоза намудани ифлосиҳо дар обравҳои қад- қади роҳҳо саҳмгузор бошанд.

Бо ин мақсад ташкилоти ибтидоии “Заминсозӣ” баҳри тозаю поккорӣ намудани гирду атрофи муассисаи худ ба ҳашари умуми баромада дастаҷамъона заҳмат кашида истодаанд.