Домон паҳн кардани хатари ифротгароӣ миёни давлатҳое, ки сокинони онҳоро ақалияти мусулмонӣ ташкил медиҳад, ба яке аз мушкилоти асосӣ табдил ёфтааст. Эҳсос мешавад, ки баъзе аз пайравони ҷараёнҳои дингарои ифротӣ барои ба худ моил сохтани аҳолии бумӣ, бахусус ҷавонону наврасон аз роҳҳои муосир истифода менамоянд. Агар иддае дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиятхоҳ афтида бошанд, иддаи дигар тавассути истифодаи ғайримунсифонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ин роҳи хатою хатарнокро ихтиёр менамоянд.
Гарчанде ки тибқи таҳлилҳо тайи чанд соли охир афзоиш ва пайвастан ба гурӯҳҳои манфиатхоҳи ифротӣ миёни насли ҷавони мо рӯ ба коҳиш овардааст, вале ин омил маънии онро надорад, ки мо аъзои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин масир камфаъолияту бетаваҷҷӯҳ бошем. Зеро тибқи таҳлилҳо гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар масири ба доми худ афтонидани ҷавонону наврасони мо ба қавле ҷомаю либоси худро дигар намудаанд. Ин ҷо месозад, ки тамоми аҳли ҷомеа, бахусус волидайн дар доираи таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» назорату тарбияи насли ояндасози миллатро зери пайгирии доимӣ қарор дода бошанд. Зеро бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ ва дастрасӣ пайдо кардани тамоми қишрҳои ҷомеа ба истифодаи бемаҳдуди шабакаҳои интернетӣ метавонад то ҷое дар раванди тафаккуру фикронии насли нав таъсир расонад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳои худ доир ба тарбияи дурусти насли нав ҳамчун ворисони имрӯзу ояндаи миллат ишора намуда, дар назди хурду бузурги кишвар бобати таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон дастуру вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Мо низ вазифадорем, ки дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣё ҳамчун падидаи хатарноки ҷомеаи муосир бо роҳи дуруст ба воя расонидани ҷавонону наврасон аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода намоем.
Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ш. Шоҳин.