ҶАВОНОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯТ МЕНАМОЕМ!

Ш.Шоҳин:  

Ҷавонон ояндаи давлату миллат ба шумор рафта, нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеаи шаҳрванди ба ҳисоб мераванд. Ба ҳамин хотир бештари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, алалхусус сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба қишри ҷавонону ояндасози мамлакат равона гардидааст. Аз ин рӯ моро мебояд, ки ҷавонону наврасонро дар як рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбият намоям.

Дар таърихи 19-уми сентябри соли равон масъулини ҳизбӣ бо аъзоёну кормандони ташкилоти ибтидоии “Варзишгарон” вохӯрӣ анҷом доданд. Вохӯрӣ фарогири мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили “Саҳми ҷавонону наврасон дар таҳкими давлату давлатдорӣ”, “Мо ҷавонон зидди терроризму экстремизмем!”, “Ватанамон- Тоҷикистонро дӯст медорем” ва дигар мавзӯъҳои амсоли инҳоро дар бар гирифта, ҳозиринро ба ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надодан таъкид сохтанд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории хониши сиёсӣ: