Давлатдорӣ дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсию иқтисодӣ рушд мекунад ва дар ин масир истифодаи мунсифонаи дипломатияи сиёсӣ барои рушди кишварҳо нақши бориз дорад. Мутаассифона дар ҳамсоякишвари мо Қирғизистон дипломатияи сиёсӣ на ба ҳайси шохаи асосии муносибати байнидавлатӣ, балки ҳамчун василаи тавтеаю дасиса аз ҷониби шахсиятҳои рақамии ин кишвар истифода шуда, хусусияти нооромсозии вазъро дар муносибат бо ҳамсояҳо касб кардааст.
Албатта, мо нисбати сиёсатмадороне, ки аз зиндон рӯи сиёсат омадаанд ҷойи гила надорем, зеро фаҳмишу андеша донишу ҷаҳонбинии инсони зиндонӣ ба ҳамин ҳад аст, вале ин туда инсонҳои дур аз долонҳои сиёсат метавонанд миллатҳоро дар муқобили якдигар гузоранд, зеро рехтани хун барои онҳо як кори маъмулию муқаррарист.
Ахиран раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо ёдоварӣ аз рӯзҳои 14-18 сентябри соли 2022 бо суханҳои тавтеаомез ва даъвои беасоси марзӣ бори дигар собит кард, ки аз дипломатияи сиёсӣ фарсахҳо дур аст ва ҳамоно ҳамчун як инсони ҷангҷӯю фитнаандоз хоҳонӣ оромӣ дар сарҳадӣ давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Инро метавон аз мусоҳибаи дар шабакаҳои давлатии Қирғизистон, ки айни ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд, ба хубӣ эҳсос кард.
Варақгардон кардани таърихи садсола ва зиёда аз он ба ҳеҷ навъ ба манфиати халқи қирғиз набуд ва нест, зеро таъсиси давлати Қирғизистон дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ дар заминҳои таърихии халқи тоҷик рӯи кор омадааст ва даъвои замин аз ҷониби номбурда дар масъалаи нуқта гузоштан ба масъалаҳои баҳси марзӣ дасисаю фитнакории навбатии ҷониби гурӯҳҳои манфиатдори қирғиз аст, ки хостгорӣ ноором кардани вазъи сарҳад дар ду ҷониб мебошанд.
Ё чизи дигар ин ки дар кишвари ҳамсоя муборизаҳо барои ивази қудрат миёни Қамчибек Тошиев ва Садир Жапаров пардапӯшона авҷ гирифтаанд ва андешаи мардумро ба сарҳад кашонидан аз ҷониби Қ.Тошиев як бозии сиёсии навбатиест, ки бояд аз ӯву ҳамтоёни ҷиноятпешааш эҳтиёт кард.
Дар умум, чунин мавқеъгирии дур аз дипломатияи сиёсӣ метавонад ба муносибатҳои байнидавлатӣ таъсири манфӣ расонад ва ҳамин буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири ин кишварро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид.
Ҳама нофаҳмӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ аз ноогоҳию бетаҷрибагии сиёсатмадорон оғоз меёбад ва имрӯзи мо ҳамагон медонем, ки ба ном инқилобҳое, ки дар Қирғизистон роҳандозӣ гардиданд, беҳтарин сиёсатмадорону донишмандон тарки ин кишвар кардаанд. Ба қудрат расидани ҳукумати кунунӣ дар кишвари ҳамсоя шояд эътиқоди сиёсии худи мардуми қирғиз аст, мо ба он коре надорем, аммо дар масъалаҳои марзӣ бидуни ҳамдигарфаҳмӣ ва ба мадди назар гирифтани хулосаи комиссияҳои муайянсозии марз зургӯию намоиши нерӯ дигар ба кор намеравад.
Меҳрдод, ноҳияи Ш.Шоҳин.