Хиёнаткор ҳеҷ гоҳ масири хиёнатро тарк намекунад!

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Хиёнат ба  Ватан амали пасту разилонаест, ки он ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад. Ҳирси молу сарват, аз даст рафтани бойгарии бо роҳи фиребу қаллобӣ бадастомада асоси ба ном муборизаҳои сиёсии тарафдорон ва ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломро ташкил дода, сари ҳар вақт бо барномаҳои дуруғину инсофиребонаашон ин тудаи асолатбохта мехоҳанд мағз-мағзи ҷавонони моро  аз назару андешаи ғосибонаву ботил ва сар то по ифроту дурӯғ олуда гардонанд.

Тайи чанд вақт  барномаи иғвобарангези «Ислоҳ», ки ба ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом марбут аст, бо сабаби бемории ровии барнома  Муҳаммадиқболи Садриддин хомӯш буд ва хомӯшии номбурда дар дили пиру ҷавони мамлакат ҳисси умедеро шуълавар сохт, ки шояд баъди азоби ранҷурӣ ин хоин аз амалҳои иғвоангез даст кашида, ба қавле ақл ба сараш медарояд. Вале, ҳайҳот, ки дили ба дурӯғу тавтеа одаткардаю саги аз усухони дари хонаи мардум ишками серо дида ҳеҷ аз роҳи пешакардааш бар намегаштааст.

Барномаи охироне, ки ровӣ доир ба табобату хизматрасонӣ дар беморхона дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намуд, эҳсос мешавад, ки беморӣ ба ҳолати равонии муаллиф таъсир расонидааст ва ҳангоми баррасии масъалаҳои матраҳшаванда худро хеле нороҳат эҳсос карда, сари ҳар вақт мондашавию  ранҷурии ҷисму ҷони ӯ  назди бинандаи закӣ бармало намоён аст.

Дар урфият мегӯянд, ки тарки одат амри маҳол ва ин истилоҳ бори дигар дар замири Муҳаммадиқболи Садриддин исботи худро ёфта, маълум мегардад, ки номбурда то охирин нафас аз роҳи хиёнат ба миллату давлат баргаштанӣ нест. Ва, ҳатто шухиомез дар гуфтугӯҳои маҷозии барнома мусоҳибон рӯи рост ӯро киноя мезананд, ки аз мавҷудияти ӯ дар он дунё низ Яздонро хуш намеояд, яъне Худою Расул аз мавҷудияти чунин бандае, ки як умр миллату инсонҳои комилро азият медиҳад, истиқбол нахоҳад кард.

Ҳангоми баргузории барнома масъала ба муборизаҳои сиёсии ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом тоб хурда, ровӣ ба арсаи сиёсат омадани ин ҳизби террористиро орзуву омоли ҳамешагии худу ҳамтоёнаш медонад. Дуруст аст, ки мақсаду ҳадафи ҳизби сиёсӣ ин ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар дилхоҳ кишвар аст, аммо на бо роҳи яроқ гирифтану хуни мардуми бегуноҳро резонидан. Ҳодисаҳои соли 2015 баёнгари симои аслии аъзо ва ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон буданд, ки дар пайи амалиёти номуваффақ ҷонӣ чандин нафар ҷавонони ватандӯсти ин марзу бум аз даст рафт. Нашармида даъвои сиёсату ба арсаи сиёсат овардани ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломро дар Тоҷикистон мавзӯи доғи барнома кардан маънии бешарафию беиззатӣ ва аз раванди давлатдорию давлатсозӣ фарсахҳо дур будани тарафдорону ҳаводрони ин ташкилоти террористист.

Мусаллам аст, ки кори давлатдорию давлатсозӣ кори якрӯзаю даҳсола нест ва ин роҳ хеле ҷонбозию фидокориро тақозо менамояд. Дар андешаи сиёсатсозии наҳзатӣ ба ғайр аз сатру ҳиҷоб ва ришу бурути шахшул то ба имрӯз дигар ягон ғояи миллӣ ташаккул наёфтааст ва дар оянда низ ташаккул намеёбад. Зеро ин тудаи гулу гумроҳ ба қаве аз нуги бинӣ масофаи дуртарро намебинанд ва танҳо кору фаъолияташон таъназанию бадномкунии миллату давлат аст.

Дар маҷмуъ дигар ҳеҷ шахси соҳибақлу солимфикр дунболи чунин тудаи гулу гумроҳ, ки масири охири фаъолияти онҳо нобудист, ҳавасу ҳавсалаи бо онҳо якҷо буданро надорад. Дуруст аст, ки якчанд асолатбохта дар роҳи ба ном мубориза бо онҳост, вале шумораи онҳо дар муқоиса бо кулли сокинони Тоҷикистон хеле андак аст. Ба ҳар сурат «душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон» ва мо бояд дар масири муборизаҳои иттилоотӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллату давлат дар муқобили ин гурӯҳи ҷаҳлӣ ҳамеша муборизаи беамон барем.

 

Рамазон Саъдуллоев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Ки ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин