Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати худшиносии миллии ҷавонон ва азхудкунии савияи дониши онҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонони мақомот” ҷиҳати баргузор намудани хониши сиёсӣ дар миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур соати сиёсӣ дар мавзӯҳои “Муқовимат бо коррупсия”, “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Таҳкими аъзогӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ” ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз доир гардид.
Баргузории соати сиёсӣ бо намояндагии мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саъдуллоев Рамазон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор карда шуда, аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр ба риоя ва амалисозии қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа таблиғ карда шуданд.
Суратгузориаш аз ҷараёни баргузории соати сиёсӣ: