Аёдати шахсони ниёзманд дар арафаи иди сайиди фитр

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иди саийди фитр ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба ашхоси ниёзманд кормандони масъули ҳизбӣ дар ҳамоҳангию ҳамкорӣ бо соҳибкорони муввафақ ба оилаи Асламова Дилором,ки дар як ҳолати камбизоатӣ умр ба сар бурда,  ба кумаки ҳамачониба ниёз дорад, кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Ёдовар бояд гашт, ки ин амали хайрхоҳона  бо дасти соҳибкорон Қодири Сарахон ва Ҷумъахони Карим Алӣ  бобати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иди Рамазон амалӣ карда шуд.

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб миннатдории ҳизбиёнро нисбати соҳибкорони муввафақе, ки дар амалишавии ҳадафҳои ҳизбӣ ва корҳои хайрхоҳонаву созанда саҳми беандозаи хешро мегузоранд иброз намуда, ба онҳо дар корҳои минъбадаашон барору комёбиҳо таманно намуданд.