БАЛАНД БАРДОШТАНИ РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН.

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва дар доираи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани маърифати худшиносии миллии ҷавонон  ва мукаммалсозии савияи дониши онҳо дар ҳамкории Кумитаи иҷроия бо мактабу маориф дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳрак  дар байни омӯзгорону хонандагон соати сиёсӣ баргузор гардид.

Соати сиёсӣ фарогири мавзӯъҳои мубрами рӯз аз ҷумла   “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз  фаромӯш нашудааст!”, “Оилаи солим- ҷомеаи солим” ва “Варзиш гарави саломатӣ”  буда,  ҳамчунин доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ”  дар байни хонандагон ба хусус писарон, ки ояндаи давлату ҷомеа ба шумор мераванд,  суханронӣ намуданд.

 Суратгузориаш аз ҷараёни баргузории соати сиёсӣ: