РУШДИ ВАРЗИШ ДАР ДЕҲОТ.

Ш.Шоҳин:  

Яке аз роҳҳои солимгардонӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ба варзиш шуғл варзидан ва машқҳои варзишӣ мебошад. Дар таърихи 28-уми майи соли равон дар майдончаи варзишии муассисаи таълимии №3-и ноҳия воқеъ дар деҳаи Хоҷағалтони Ҷамоати деҳоти Шӯрообод мусобиқаи волейбол байни дастаҳои деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия доир гардид. Ёдовар мегардем, ки мусобиқаи мазкур дар ҳамоҳангиву ҳамкории Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба гиромидошти марҳум Нурзода Мадамон, собиқ варзишгар,  корманди масъули ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор карда шудааст.

Дар мусобиқаи мазкур 11 даста аз 7  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия байни ҳам муддати ду рӯз сабқат намуда,  дастаҳои деҳаҳои Навобод, Дараи об, Доғистон ва Дараи Эмом бо мағлуб намудани рақибони худ ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар қисмати ниҳоӣ дастаи волейболбозони деҳаи Навобод бо ғолиб омадан ба дастаи Дараи об ҷойи аввалро соҳиб гардиданд.

Дар натиҷа ҷойи

  1. Деҳаи Навобод
  2. Дараи об
  3. Доғистон
  4. Дараи Эмом- ро соҳиб гардида бо сипоснома, медал ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории чорабинии варзишӣ: