ҶАВОНОНИ ХУШБАХТИ ҶОМЕАИ МУОСИР!

Ш.Шоҳин: Андеша  

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар паём, балки аз ибтидои фаъолияташ пайваста ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро мавриди ҳимоят қарор медоданд.

Ҷавонони имрӯз хушбахтанд,  аз он хотир, ки онҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳолати дилшикастагиву ноумедӣ қарор доштанд, касе ё қуввае набуд, ки ба онҳо шавқи зиндагӣ ва умед ба ояндаро бахшад. Вале дар ҳамон шароите ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҷавонон буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти таърихии худ, ки соли 1994 бо ҷавонон шуда гузашт, таваҷҷуҳи ҷавонон ва кулли ҷомеаро дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, фаъолнокии созмони ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, омӯзиши илму ҳунар, ихтисосҳои нав ва техникаи ҳозиразамон ҷалб намуда, дастгирии кӯдакони бепарастор, дастгирии мактаб-интернатҳо, таъмини ҷавонон ба манзили истиқоматӣ,  пешгирии ҷинояткорӣ, дуздиву  нашъаандӣ, тарбияти хештаншиносиву ватандӯстӣ шӯълаи умедро дар қалби ҷавонон барафрӯхт. Ба ҷавонон ҳамаҷониба кӯмаку дастгирӣ намуданд. Ин буд, ки ҷавонон эҳсос карданд, ки соҳиб доранд ва дилашон ба ҳаёту зиндагӣ  гарм гашт. Имрӯз барои ҷавонон шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳамин росто, метавон таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва фароҳам овардани ҳама шароит барои рушду пешрафти онҳо яке аз намунаҳои олии ояндабинии Роҳбари давлат мебошад. Зеро ҷавонон нерӯи бузургу боқувват ва нерӯи аслии имрӯз ва умеди ояндаи дурахшони ин миллату давлат ба шумор меравад.

Бовари дорем, ки ҷавонони ҳушманди мо ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат таҳти  сарварии  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю  талоши худро барои донишандӯзиву  интихоби  касбу  кори муосир равона сохта, баҳри ободиву пешрафти ватани биҳиштосоямон-Тоҷикистон саҳми арзандаву босазои худро  мегузоранд.

 

 Сунатуллоева Мавзуна- мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар н. Ш.Шоҳин