Набояд дар афкори муғризонаи хоинон ғӯтавар шуд!

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Имрӯзҳо дасти хоинони миллат дар нооромсозии амну субот дар кишварамон кӯтоҳ аст, аммо онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно мақсадҳои нопок доранд. Мехоҳанд, ки бо роҳи мағзшӯӣ ва тавтеа андохтан дар ҷомеа обрӯи набудаашонро дубора барқарор ва ба қавле дар сиёсати давлатӣ таъсиргузор бошанд.

Барои амалӣ сохтани “ормонҳо”-и хӯфтаашон ҳамеша бо истифода аз барномаҳои гуногуни муғризонаи “Ҳақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир”, “Садои мардум” ва даҳҳо барномаҳои фурсатталабонаи хусусияти террористию экстремистидошта мехоҳанд, ки мардумро гумроҳ созанд. Хосатан, онҳо талош доранд, ки насли ҷавон, ки рӯзҳои сиёҳи миллатро аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар хотир надоранд, бо роҳи тавтеа онҳоро дар кору зиндагӣ раҳгум созанд.

Минбари асосии тарғиботи гуруҳҳои манфиатдори террористию экстремистӣ дар пояи аз дину оин ташаккул  ёфта, бо истифода аз арзишҳои фарҳанги исломӣ ин тӯдаи гулу гумроҳ мардумро ба роҳи нобудӣ талқин месозанд.

Бояд донист, ки дур шудан аз ҳуввияти миллӣ боис ба фаромӯшии аслу насаб, таърихи бою рангини миллат ва дар маҷмӯъ ба халалдор гардидани авзои сиёсӣ дар ҷомеа мешавад. Бадбахтона, ҳастанд инсонҳое, ки аз камоли ақлу хирад ва донишҳои замонавӣ дур ба доми найранги гуруҳҳои бадхоҳ меафтанд. Ва ин боис ба ташвиши ҷомеа, ноамнию бесуботӣ дар миёни аҳолӣ мегардад.

Барои пешгирии амалҳои номатлуби терроризму экстремизм лозим аст, ки аз тамошои барномаҳои тафриқаандози гуруҳҳои бадхоҳи давлату миллат канораҷӯӣ кард ва аҳли ҷомеа дар истифодаи мунсифонаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ эҳтиёткор бошанд.

Дар маҷмӯъ набояд дар афкори муғризонаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва дигар гуруҳҳои манфиатдор ғуттавар буд, зеро онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ободию оромӣ ва осӯдагии кишвари моро намехоҳанд.

Танҳо фикри созанда, умед ба ояндаи дурахшон ва якдилию якдигарфаҳмии кулли сокинони сарбаланди кишвар омили аслии пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон мегардад ва бояд ҳар як сокини мамлакат дар масъалаи амну осоиштагии мамлакат саҳмгузор бошад. 

Зуҳрои Сикандар- корманди масъули Кумитаи иҷроияи

                                    ҲХДТ дар ноҳияи  Ш. Шоҳин.