Шарофзода Ҳомидҷон – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

Шарофзода Ҳомидҷон Қодир  санаи 10 августи  соли 1960 дар ноҳияи Шаҳритуси  вилояти  Хатлон  дар оилаи  деҳқон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик.

      Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10-и  ноҳияи Шаҳритус  гирифта, соли 1977 ба бахши рўзонаи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кўлоб дохил мешавад. Донишкадаро соли 1982   бо  ихтисоси  муаллими математика ва физика хатм намуда  ва соли 2010 ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа, факултаи иқтисодӣ, аз рўи ихтисоси  молия ва қарз дохил шуда, соли 2015 бо ихтисоси номбурда  хатм менамояд.

Аз соли 1982 то соли 1987 дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси  омузгори фанни  математика ва физика кор ва фаолия намудааст.             

Аз соли 1987 то соли 1997 дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси  омузгори фанни  математика ва физика кор ва  фаолия намудааст.

Аз соли 1997 то соли 1999- дар вазифаи директори пункти қабули муҳоҷирони ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудаст.

Аз соли 1999 то соли 2002- дар вазифаи роҳбари хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли 2002 то соли 2005- дар вазифаи директори маркази шуғли аҳолии ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли 2005 то соли 2007- дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

.

Аз соли  2007 то соли 2018- дар вазифаи  сардори Раёсати агентии давлатии суғурта ва нафақаи ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли 2018 то ба ҳол – дар вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият намуда истодааст.

 

 

Шарофзода  Ҳомидҷон Қодир  нисбат ба зердастону атрофиёнаш меҳрубон буда, тамоми ҳунару дониши худро баҳри рушди соҳа, ободонӣ, беҳтар намудани шароити кории кормандон, тарбияи ҳуқукӣ ва маънавии ҷавонон, риояи қатъии низоми кор сарф менамояд.

 

Шарофзода Ҳомидҷон Кодир  оиладор, соҳиби 6 фарзанд.