САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ

Шаҳритуc:  

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров Азизов Н. дар  деҳаи Хушодии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров  бо усули  хона ба хона вохӯрӣ ва суҳбатҳо, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву  президентӣ,  кишти такрорӣ, аз ҷумла кишти ғалладонагиҳо, захира намудани хӯрока барои фасли сармо  аз қабили гандум, мош, шолӣ, лӯбиё, чормағзи зеризаминӣ, макадон, нахут, қоки зардолу, картошка ва дигар намуди маҳсулот, инчунин тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ифротгароӣ гузаронида шуд. Зимни суҳбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус оид ба масъалаҳои зикршуда андешаронӣ карда, ҳар як ҷамъомадаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раҳнамоӣ карданд.