ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН – ОМИЛИ ФАРОВОНӢ

Шаҳритуc:  

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамъият-деҳқон» Рақибов Киромиддин дар  деҳаи Ҷамъият-деҳқони  ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров  бо усули  хона ба хона вохӯрӣ ва суҳбатҳо, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву  президентӣ,  кишти такрорӣ,  кишти ғалладонагиҳо, захира намудани хӯрока барои фасли сармо,  аз қабили гандум, мош, шолӣ, лӯбиё, чормағзи зеризаминӣ, макадон, нахут, қоки зардолу, картошка ва дигар намуди маҳсулот, инчунин тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ифротгароӣ ва фаҳмондани вазъи мураккаби ҷаҳон, инчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида  шуд. 

Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ вобаста ба масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро изҳор дошта, сокинонро таъкид намуданд, ки ҳар як оила вазифадор аст0, барои захираи маводи кофии ғизоӣ ҳар ваҷаб замини дарихтиёрдоштаро самаранок истифода бурда,  рӯзгори худро дар фасли сармо бо маводи хӯрока таъмин намояд.