САНҶИШ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Шаҳритуc:  

Санаи 4 августи соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати кишоварзӣ”-и ноҳияи Шаҳритус тибқи “Раҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ”  бо мақсади муайян намудани низоми дурусти бақайдгирии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ, муқоисакунонии аъзои ҲХДТ аз рӯи варақаи шахсии узви ҳизб, таҳкими низоми ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла китоби бақайдгирӣ дар ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба танзими ҳаракати аъзои ҳизб,  пурра тоза кардани сафи ҳизб аз аъзои камфаъолияту бемасъулият аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия санҷиш гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш мушоҳида гардид, ки   ҳуҷҷатгузориҳои ташкилоти ибтидоӣ ба талаботи Оинномаи ҲХДТ ҷавобгӯ буда,  ба шахсони масъул барои боз ҳам ҷоннок кардани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, афзоиш додани сафи ҳизб аз ҳисоби нафарони соҳибмаърифат  маслиҳатҳо доданд.