САНҶИШИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Шаҳритуc:  

Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамъияти матлубот”-и ноҳияи Шаҳритус  тибқи “Раҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ” ва бо мақсади муайян намудани низоми дурусти бақайдгирии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ, муқоисакунонии аъзои ҲХДТ аз рӯи варақаи шахсии узви ҳизб, таҳкими низоми ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла китоби бақайдгирӣ дар ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба танзими ҳаракати аъзои ҳизб, пурра тоза кардани сафи ҳизб аз аъзои камфаъолияту, бемасъулият аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия санҷиш гузаронида шуд.

дар рафти санҷиш намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ вобаста ба масъалаҳои  мазкур андешаронӣ карда, фаъолияти  ташкилоти ибтидоии номбурдаро   мавриди омӯзиш қарор дода, ба шахсони масъули ташкилоти ибтидоӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои судманд пешниҳод карданд.