ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР!

Шаҳритуc: Вокуниш  

ВОКУНИШ. Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намудаааст. Ба ин маънӣ омўзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеms» гирифташуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳова амалҳои тундравона, аз ҳадгузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои як равию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала чунин иброз менамояд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳиядроиро ба миён овардааст». Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахна андозӣ намуда истодааст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳидшудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Мо сокинони Тоҷикистони биҳиштосо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва нагузорем, ки ақидаҳои асримиёнагӣ ва носолими гуруҳҳои ифротӣ дар байни ҷомеаи мо паҳн шавад.

Замонов А. Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар н.Шаҳритус.