ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ НАВБАТИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия, санаи 13.11.2024, дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи фарҳанг” бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ., намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъба ва кормандони қасри фарҳанги ноҳия ва дигар шахсиятҳои расмӣ, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гашт. Дар рафти чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи фарҳанг”, баромад намуда қайд намуданд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд. Ин заҳматҳову талошҳои шабонарӯзи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки мо барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем ва ҳамеша пайрави сиёсати пешгирифтаи хирадмандаи Пешвои миллат бошем. Дар охири чорабинии тантанавӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аксия ҷумҳуриявии таҳти унвони “Тоҷикстон бо Пешвои миллат, ба пеш!” бо иштироки масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъба, кормандони қасри фарҳанги ноҳия ва дигар шахсиятҳои расмӣ, бо сурати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, парчаму шиору овезаҳо дар сатҳи баланд баргузор гардид.