Модар! - Дар зери ин панљ ҳарф чӣ қадар маънии бузург ниҳон аст. Модар фариштаи меҳру муҳаббат буда, дар олам бузургтару муқаддастар аз ӯ дигар ҳаҷ мавҷуде нест. Модар аст, ки ҷони худро дар хатар гузошта моро ҷон ато мекунад ва бо шири сафеду шираи ҷонаш ба камоламон мерасонад. Мавҷуди дарёдиле, ки умри худро вақти худро, ҷони ҷавони худро баҳри фарзанд сарф мекунад. Инсоне, ки мӯйи қатрониашро барои фарзанд сафед мекунад. Фариштаи эҷозкоре, ки ба як мавҷуди дигар зиндагӣ мебахшад. Ман дар симои зан-модар маҳз ана хамин мавҷуди бузург ва беҳтарин офаридаи офаридгорро дида пеши модарон сари таъзим фуруд меорам. Ман ба симои Модар шахсеро мебинам, ки барои ҳар як инсони рӯи замин ҳаётро офаридааст. Модар аввалин устоди башарият аст, зеро зан-модар бо шири сафедаш фарзандро ба воя расонида, ба ӯ шеваи роҳ рафтан, ҳарф задан ва одам буданро меомӯзонад. Пуштибоне боэътимодтар аз модар дар тамоми дунё вуҷуд надорад танҳо зан-модар аст, ки мисли фариштаи нигаҳбон дар тамоми ҳолатҳо аз фарзанди дилбандаш пуштибни карда, ҳаргиз ӯро танҳо намемонад, дар симои зан-модар фариштаро мебинам, чунки модарон дар ҳақиқат аз фариштаҳо ягон камӣ надорад. Беҳуда нагуфтаанд: Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст. Он чи дорад ин ҷамоат, аз дуои модар аст. Он чи дар васфи сухан фармуд Қуръони Карим, Соҳиби Қуръон бигуфт: ҷаннат зери пои модар аст. Модар беҳтарин неъмат ва қимматтарин ганҷи олам аст, ки насиби ҳар як инсон мегардад, вуҷуди мо бе вуҷуди модар аслан дар рӯи замин имкон надорад, аз ҳамин хотир ҳар як нафас шукрона бояд кард шукронаи модар ва шукронаи меҳри беназираш, ки моро ҳастӣ бахшидааст Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷумбонад, дар ҳақиқат модар кони муҳаббатанд. Зан ба сони офтоб бо шуълаҳои гарми меҳраш тамоми ҷаҳонро гармӣ мебахшад, модарон дар парвариш ва тарбияи мо ранҷи беандоза мекашанд аз ҳамин хотир бояд ба қадри модар ва заҳматҳои ӯ расид ва пешаш сари таъзим фуруд овард. Бузургии зан-модарро бо сухан ифода кардан бениҳоят душвор аст. Модарон қаҳрамони ҳамешагии мо фарзандон ҳастанд, наметавон зиндагиро бидуни вуҷуди зан- модар тасаввур намуд. Юсупова Г., мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус
МОДАР ФАРИШТА АСТ!
Шаҳритуc: Андеша