ИМРУЗ,КИ МИЛЛАТИ ТОҶИК САРҶАМ АСТ ДУШМАНОНАШ БЕҚАРОР ШУДААНД!

Шаҳритуc: Вокуниш  

ВОКУНИШ.Ба ақидаи аксари муҳақиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, экстремизм пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ амал менамоянд. Имрузҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҳамаруза тариқи шабакаҳои интернетӣ ҳаргуна видеороликҳое, ки бар зидди миллату, давлату, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст пахш ва паҳн намуда ва ба ин восита мехоҳанд мардумро алалхусус ҷавононро ба доми фиреби худ кашида ба роҳи гумроҳӣ баранд . Ҳангоми таҳлили барномаҳои онҳо ба мисли "Дидгоҳ", "Парандаҳои муҳоҷир", "Барномаи хабарии "Имрӯз", Садои мардум", ва даҳҳо барномаҳои дигаре, ки бисёртар дар сомонаҳои интернетии YouTobe ва Fecebook пахш мешавад мушоҳида кардан мумкин аст, ки мавзӯъҳои барномаҳои онҳо қариб, ки як хела буда фақат бар зидди миллату, давлату, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ, нигаронида шуда ҳатто дар баъзе мавридҳо ҷавононро ошкоро ба даст задани бетартибиҳо дар дохили кишвар даъват менамоянд. Ҳарчанд, ки ин аъзоёни ТЭТ худро "Ватандӯсти асил" мехонанд, ва аз дини мубини Ислом ҳамчун ниқоб истифода мебаранд, вале боре ҳам дар ҳамон барномаҳояшон аз ободиву осоиштагӣ, аз тинҷиву амонӣ, аз пешрафту тараққиёт, аз сохтмонҳои азиму ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарфе намезананд, ва ин худ далели он аст, ки таҳияи пайвастаи барномаҳои онҳо барои ободӣ ва тинҷиву оромии миллати тоҷик набуда, балки барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии минтақавии хоҷагони хориҷиашон мебошанд. Ҳангоми вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо бо ҷавони тоҷик мо мушоҳида менамоем, ки ҷавонон ба Исломи ахлоқӣ таваҷҷӯҳ доранд, ва рафтани онҳо дар рӯзҳои Ҷумъа ба масҷидҳо барои шунидани панду ахлоқ аз оятҳои Қуръони Карим мебошад, вале вақтҳои охир мо бар алло мушоҳида карда истодаем, ки ҷавонони моро бо ҳар роҳу восита фиреб дода ба Исломи сиёсӣ ҷалб карда истодаанд, ки оқибаташро мову шумо хуб дида истодаем, ки баъзе аз ҷавонони сустирода ва зудбовар қурбони ҳадафҳои нопоки ташкилотҳои ифротӣ шуда дар давлатҳои ҷангзада дар муноқишаҳои мусаллаҳона иштирок намуда дар хоки бегона қурбон шуда умри ҷавони худро хазон кардаанд. Имруз бояд ҳар як сокини Тоҷикистони биҳиштосоямон бояд хуб дарк намоянд, ки пайравӣ намудан ба ҳаргуна ақидаҳои носолими аъзоёни ташкилотҳои ифротӣ ба онҳо ва аҳли оилаи онҳо ягон хушбахтие намеорад, баракс ҳаёти ширини онҳоро талх мегардонад. Мо бояд ҳеҷгоҳ фаромӯш накунем, ки ин сулҳу суботи мо ба осони ба даст наомадааст ва даҳҳо ҳазорҳо ҳамватанони бо орзуи дидани ин рӯзҳои тинҷу орому осмони софу беғубори Тоҷикистони азизамон ҷони худро аз даст додаанд. Имруз, ки миллати точик сарҷам аст ва барои фардои Тоҷикистон тамоми қувваю нерӯи худро равона карда истодааст, душманони миллати мо беқарор шудаанду боз пайи ноором кардани Ватани мо талош карда истодаанд. Ман аз сокинони Тоҷикистонони азиз боварии комил дорам, ки дигар ба фиребу найрангҳои душманони миллати тоҷик дода намешаванду ва саҳми бевоситаи худашонро барои гул-гул шукуфоии Ватани маҳбубамон мегузоранд.

Мирзоқулов Ҷ. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.