ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ!

Шаҳритуc: Андеша  

           Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодиҳоҳ буда, солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоӣ ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд.

          Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил шинохта шудааст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд.

         Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли  Тоҷикистон  мебошад.

         Юсупова Г., мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.