ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО ЗЕРИ УНВОНИ  «РӮЗИ ЁДОВАРӢ»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

     Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони  «Рӯзи ёдоварӣ», санаи  26.05.2024 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳашари дастаҷамъона баргузор карда шуд.  Аз он ҷумла:

- дар ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов деҳаи Чуянчӣ амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани  дохил ва атрофи қабристонҳо зери  унвони  «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Чуянчи  ва Хоҷа-Дурбод дар майдони 1,6 га корҳои ободонӣ, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, шинонидан ва  рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худрӯй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор  гардид.

- дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов деҳаи Ё.Каримов амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани  дохил ва атрофи қабристонҳо зери  унвони  «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ё.Каримов ва Истиқлол дар майдони 1,8 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алафҳои худрӯй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор гашт.