ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ-СИЁСӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

Шаҳритуc:  

Санаи  23.05.2024 сол дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “ТУС”-и ноҳияи Шаҳритус, таҳти унвони «Ҷавонон узви як оила»” бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳритус, муовинони раиси ноҳия, масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳамоиши фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гашт.

       Дар ҳамоиши фарҳангӣ-сиёсӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои варзишӣ ва машқу ҳунарнамоиҳои варзишгарон ва дигар намоишҳои диққатҷалбкунанда аз ҷониби ҷавонон намоиш дода шуд. Раиси ноҳияи Шаҳритус муҳтарам Абдуллозода Т.М., баромад намуда,  ҳамаи ҷавонони ноҳияи Шаҳритусро бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» табрик намуданд.

        Инчунин як қатор ҷавонони ноҳия барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона  дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бо  сипосномаҳои раиси  ноҳияи  Шаҳритус ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. Дар охири чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия базми консертӣ баргузор гардид.