ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ТАШКИЛОТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

Шаҳритуc: Вокуниш  

           Имрӯз мафҳумҳои наве мисли ҷанги иттилоотӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.

          Ҷомеашиноси канадагӣ ҳанӯз дар асри гузашта гуфта буд: “Қалам рӯз то рӯз пуриқтидортар аз шамшер мешавад ва дере нагузашта сиёҳӣ (ранг), аксҳо ва воситаҳои электронӣ ҷойгузини аскарону танкҳо хоҳанд шуд”.

          Дар ҳақиқат ҳодисаҳои солҳои охире, ки  дар минтақаҳои гунонуги сайёраи мо рух додаанд ва рух дода истодаанд далели ин гуфтаҳост ва воқеан қалам ҷои шамшерро гирифта истодааст.

         Рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии байналмилалӣ, пайдоиши интернет ва инқилоби иттилоотии солҳои охир  ба халалдор гардидани фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои сунатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонидаанд.

            Низоъҳои мусаллаҳонае, ки  солҳои охир дар давлҳои Ироқу Сурия ва дигар давлатҳои сайёраамон сарзадаанд  нишон дод, ки ташкилотҳои террористиву экстремисӣ ва аъзоёни онҳо аз сомонаҳои интернетӣ моҳирона истифода намуда, аъзоёни ин гуруҳҳо дар  шабакаҳои интернтӣ бо ҷавонони сустиродаву зудбовар  робитаи дӯстӣ пайдо намуда онҳоро бо ҳар роҳу восита майнашӯӣ намуда аз ҳар давлатҳои ҷаҳон ба давлатҳои ҷангзада ҷалб намуда ва онҳоро ба сафҳои ҷангҷӯёни ТЭТ шомил намуда буданд, ки ин ҷараён мутаъсифона то ба ҳол давом дошта баъзе аз ҷавонони зудбоварро ба доми худашон афтонида ба роҳи гумроҳӣ бурда истодаанд. 

         Имрӯз пӯшида нест, ки қариб 90%- ҷавонон истфодабарандаи шабакаҳои интеренетӣ буда  аксарияти онҳо қариб  дар як рӯз 5-6 соати вақташонро дар сомонаҳои интернетӣ сипарӣ мекунанд, ки аз ин шомилкунандагони ташкилотҳои террористиву экстремисӣ дар шабакаҳои интернетӣ, моҳирона истифода намуда пайваста кӯшиш менамоянд, ки як ҷавонеро бо ваъдаҳои пучу бардӯруғ фиреб дода ба сафи худашон шомил кунанд.

       Ҳоло, ки мардуми тоҷик сарҷамъ ҳасту сарҳади Ватани азизамон Тоҷикистон мустаҳкам, аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремисӣ ва бадхоҳони миллату давлати мо бо воситаи шабакаҳои интернетӣ ҳаргуна маълумотҳои дуруғу беасосро ба зидди роҳбари давлат ва роҳбарони сохторҳои ќудратии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сомонаҳои интернетӣ паҳн намуда ва ба ин восита мехоҳанд, дар дили мардум нисбати давлату ҳукумат, бадбинӣ ва нобовариро ҷо кунанду ва аз ваъзи ба вуҷуд омада истифода бурда ба ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ ва хоҷагонашон бирасанд.

       Аз ин хотир мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус ҷавонон ҳар мақолаву наворҳоеро, ки дар сомонаҳои интернетӣ, ки  бар зидди давлату миллати мо равон карда шудаанд, зуд бовар накунему он хабар ё навореро, ки тамошо мекунем пеш аз хулосаи худро баровардан аввал хуб таҳлил кунем, ки оё дар ин маълумот ягон ҳақиқат ҷой  дорад ё не ?

        Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи он мақолаву наворҳое, ки аз тарафи аъзоёни  ташкилотҳои террористиву экстремисӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ бар зидди давлату ҳукумати мо равона карда истодаанд, ягон асосу далел ва ҳақиқат надошта танҳо барои майнашӯии мардум ва ноором кардани вазъ  дар мамлакат мебошад.

         Ман имрӯз бо боварии комил гуфта метавонам, ки  мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба мисли солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатамон ба фиребу найрангҳои душманони миллати тоҷик дигар дода намешаванду ва ҳеҷ гоҳ дигар намегузоранд, ки як гурӯҳҳи нохалафе бо ақидаҳои носолими асримиёнагиашон ҷомеъаи моро ноорому, сулҳу суботи Ватани азизамонро халалдор кунанд.  

Мирзоқулов Ҷ.  - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.