МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМ  ДАР ТИ «ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОБШОРОН»

Шаҳритуc:  

Санаи 23.04.2024 сол дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Обшорон» маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум  бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Обшорон», инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, раисони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ,  имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ҷавонон ва намояндагони  дигар  соҳаҳо доир гардид. 

Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Обшорон» бо  масъалаҳои зерин:

      1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024  ва вазифаҳо барои оянда;

     2.Масъалаҳои  ҷорӣ  (ҷалби ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав.

Дар рафти вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баромад намуда қайд намуданд, ки   пешгирӣ ва мубориза бар зидди  экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад.

     Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда  дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.