ЗАН МОДАР – ОЛИҲАИ ҲАЁТ

Шаҳритуc: Андеша  

          "Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд." Эмомалӣ Раҳмон.

            Мавқеи Зан-Модар дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст, зеро модарон дар радифи мардон дар таърихи тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷик нақши бориз ва саҳми арзандаи хешро дар баробари тарбияи фарзанд ва чароғи хонадон буданашон, гузоштаанд ва лозим ба ёдоварист, ки дар саҳифаи дурахшони таърихи миллатамон барои пойдориву устувор гаштани он ҷонбозиҳо намудаанд ва ҳамчун шахсони қаҳрамону фарзона дар таърих бо хатҳои заррин сабт шудаанд.

           Зан-Модар баҳори гулгулшукуфоӣ фарзанд, қаҳрамони зиндагӣ ва  қуввату ақли расои фарзандон мебошад. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноӣ ва ҷуръату қаҳрамонии модар касро зиннату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад. Модар бузург аст ва бузургии модар дар он аст, ки  бузургтарин неъмати дунё - фарзандро ба дунё меорад. Модар офаранда ҳаст ва зебописанд.

       Имрӯз модари тоҷик ба иҷрои ҳамаи  масъулиятҳо қодир аст. Бо қаҳрамониҳои худ, ақлу шараф, меҳру муҳаббат, сабру тоқати хеш метавонад ояндаи дурахшони фарзандро таъмин созад.

    Навбаҳори гулфишони дилкушоям, модарам,

    Қуввати нону дилу ақли расоям, модарам.

    Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,

    Балки фикру равшании дидаҳоям, модарам.

 

Юсупова Г. - мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.