СОЛИМИИ МИЛЛАТ – ОБОДИИ КИШВАР

Шаҳритуc:  

Санаи 22  апрели   соли 2024  бо иштироки гурӯҳи кории ноҳияи Шаҳритус, аз он ҷумла раис ва кормандони ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт”, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар   ноҳияи Шаҳритус,  намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма дар мағозаҳои хӯрокворӣ ва бозори марказӣ рейди муштарак доир гардид.

          Дар натиҷаи рейди муштараки гурӯҳи кории ноҳияи Шаҳритус  аз як қатор мағоза ва дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хурокворӣ, чандин намуд маводи хурокаи мӯҳлати истифодааш гузашта муайян карда шуда ва барои истифода набурдан, инчунин нобуд кардани ин маҳсулотҳо, санад тартиб дода шуда ба ташкилоти ибтидоии  “Тоҷикстандарт”-и ноҳия  дастрас карда  шуд.